Моро висоли дӯст муяссар наме шавад
Дили ҷуз ба буии зулфи ту раҳбар наме шавад
Кошонаи дилам ки зи ҳиҷрон хароб шуд
Бе партави ҷамол мунаввар наме шавад
Қанд мукаррараст марои ёди васли ту
Зон рӯй зикри дӯст мукаррар наме шавад
Рухсори ман зи ҳиҷри ту зар шуд вале яқин
Асбоби ишқи бозӣ безар наме шавад
То чанд ваъдае ба хилофами диҳии бета
Як шаби шаби висол муқарар наме шавад
Чун абрӯӣ каҷат надаҳум ваъда ӣ висол
Чун қади хеш рост бигӯ гар наме шавад
Ҷузи дарси ишқи ту дар мактаби хирад
Моро ба ҷони дӯст ки аз бар наме шавад
Ҳар шаби хаёли дӯсти мақомаши ду чашми мост
Дорам аҷаб ки доман ӯ тар наме шавад
То дида иро маҳали ҷаҳон байн наме кунанд
Дар олами вуҷӯди ту сарвар наме шавад