эй акси талъати ту фурӯғи ҷамоли ид

Абрӯии тест дар назари мо ҳилоли ид

Аз тоби рӯзаи сӯхти дилам соқио бирез

Дар ҷоми ҷони ташнаи лаби мо зулоли ид

Дар қайди рӯза чанд кашами интизори шом

Моро нўолаҳ Эй бирасон аз навол ид

Фасли баҳору домани гулзор ва рӯй ёр

Ҳайфаст агар на айш кунӣ бо висоли ид

Биншин миёни сабзау боғ ва канор равад

Бишинав зи булбулони ҳазини васфи ҳоли ид

Дар моҳи рӯзаи дил шуда аз заъфи сусти ҳол

Дар дида ҳеҷ нагзарад алои хаёли ид

Чун фасли навбаҳори ҷаҳон тоза ме кунад

Боди сабоу мақдами ҷоҳу ҷалоли ид