эй дӯсти мо ба дасти ту додеми ихтиёр

Моро назору зори худоро равои мадор

Гар лутф мекунӣ ту ба ҳол ҷаҳон бикун

Зон рӯ ки мо ба лутф ту ҳастем умедвор

эй муддаии туро чаҳ фитодаст бо миннат

Шармӣ бидор аз ҳақ ва моро ба мо гузор

Гар зонкаҳи лутфи дӯст буд дастгири ман

Фориғи ман аз биҳиштам ва бо дарду ғам чаҳ кор

Ту чун гулии шукуфта ба бустон ба субҳдам

Мо дар фироқ рӯй ту чун булбулем зор

То кӣ ба дард [ ҳиҷр ] ту бошем мубтало

Моро бидор ё на ки даст аз ҷаҳон бидор

Чандон қтили ишқ ту ҳастанд дар ҷаҳон

Монанди мо басӣ ки нёинд дар шумор