Бо мо чу вафо намекунад ёр
ӯро ба мурод хеш бигзор
Гар кард ҷафо ва ҷавр саҳласт
эй дили ту вафои худ нигаҳи дор
Ёрӣаст ки меҳр мо надорад
Мо дар ғами ишқ ӯ чунин зор
Дар хоб хушаст дилбар ва ман
Шабҳо зи ғами фироқи бедор
Хандон шуда ӯ чу гул ба ҳолам
Гирён шуда ман чу абри озор
Ёрб ғами ишқи он длором
Аз ҷони ман шикаста бурдор
Гар майли вафоӣ мо надорад
Ҳар лаҳза наад маро ба дили бор
Будем азизи Мисри дилҳо
Гаштем бар ту дар ҷаҳони хор
Гӯйанд ҷаҳон вафо надорад
Бинмо ту ба мо яке вафодор