Маро чун хоки роҳат хор магузор
Туе ёрами маро беёр магузор
Агар ёрии ту бо ман кори мо ро
Ба коми хотир ағёр магузор
Дилам дуздед зулфи длФрибт
Нигаҳдораш бидон таррор магузор
Агар зулфат ба рӯй ту барошуфт
з лаълаш кун даво бемор магузор
Чаҳ сармастаст чашми длФрибт
Дилами дардасти он хунхор магузор
Дилам маҷрӯҳ шуд аз ҷаври айём
Дили моро чунин аФгор магузор
Ду зулфи длФрибтро зи хӯбӣ
Ба рӯй хештан бисёр магузор
Азизӣ дидаам эй дида ӣ ман
зи лутфати ин чунинам хор магузор
Гули васли ту эй султони хубон
Азин пас ту ба даст хор магузор