Длбро бар сари кӯй ту фиғонаст имрӯз

Оташам аз ғами ту дар дил ва ҷонаст имрӯз

Оташӣ каз ғами меҳри ту маро дар ҷон буд

Бар ду рухсор чу моҳ ту аёнаст имрӯз

Онкии дӯшам ба кноит суханӣ ме гуфтӣ

Чун бидидам ба яқин ҳол ҳамонаст имрӯз

Ошкоро шудаи ишқи ту вале дар дили мо

Рози сарбаста ӣ он дӯст ниҳонаст имрӯз

Ба умеди шаби васлат ки магар дарёбам

Ҳолиё хӯни дил аз дида равонаст имрӯз

Сар фидо кардаму ишқати бхридми лекин

Сар ба сари суд ба ишқ ту зиёнаст имрӯз

Гар ту халқӣ бикашӣ зор ва гар бинавозӣ

Ҳукму фармони ту бар ҷумла равонаст имрӯз