Ҷафо намӯд дилам бар сар вафост ҳануз
Агарчӣ дард фиристодам ӯ давост ҳануз
Агарчӣ бар сар чангаст бо ман мискин
Ба ҷони дӯст ки дил бар сар сафост ҳануз
Азин тараф ҳама шавқасту иштиёқи висол
Аз он тараф ҳама ҷангаст ва моҷарост ҳануз
Агарчӣ хон висолаш ба дигарон омаст
Дилам ба кӯии шаби васл ӯ гадост ҳануз
Хаёл рӯй ту бо мо қарин шудаи шабу рӯз
Сабо бигӯӣ ки бевасл мо чарост ҳануз
Биҷузи сабо ки тавонад ки ҳол мо гуяд
Чаро ки муҳаррами роз дилам сабост ҳануз
Дилам ба як шабаҳи дарди фироқ чун гаштаст
Ғам ту гуфт ки мискин дилат куҷост ҳануз