Длброи тарк ҷафо кун зи ман зор битарс

Зинҳор аз туфи оҳи ман ғмхўор битарс

Дилам аз хор ҷафоят бихарошед макун

Марҳамӣ на ба дил аз сина аФгор битарс

Дида барҳам натавонам задан аз хӯни ҷигар

Раҳматӣ кун ба ман аз дида ӣ хўнбор битарс

Ту ба хоби хуш ва ман дар ғами ту бедорам

Ба ғами фурқатат аз дида ӣ бедор битарс

Оҳам аз чархи фалак дар ғамат эй дӯсти гузашт

Магзар аз роҳи вафодорӣ ва зинҳор битарс

Зонкаҳи оҳи дили ин хаста ҷаҳонгир шудаст

Тарсам оҳӣ бизанам эй бут айёр битарс

Оташӣ бар дилам аз лаъл лбонт зада Эй

Оҳ васлӣ бизанам бар дил ва аз нор битарс