То ки сарви қадат ба по бархест

Дили мискини мо з ҷо бархест

Дар биҳишти барину боғи ҷаҳон

Чун ту сарвӣ бигӯ куҷо бархест

Пои чубинаши байн ки бо қади ту

Шарм бодаш бигӯ чаро бархест

Қомататро бидид сарви сеӣ

Дар чамани бонг марҳабо бархест

Буи зулфат расед сӯии ҷаҳон

Аз насимӣ ки аз сабо бархест

Дар хаёлами гузашти сӯрати дӯст

Ҳаваси васл ӯ маро бархест

Дили моро ба як назари брбўд

Парда аз рӯй кор мо бархест

Дар ғам рӯй ту дили мискин

Аз сари ҷонаш борҳо бархест

Кардам аз лаъл ӯ таманное

Рӯ бигардонад чун гадо бархест

эй табиби дилам чаро охир

Аз сари дарди мо даво бархест

Чини абрӯи кушода буд магар

Тарки мо аз раҳ хато бархест

Ҳам зи лутфаш дар омад аз дар мо

Аз сари ҷанг ва моҷаро бархест