Ман намехоҳам ба ҷуз рӯй ту боғ

Бо рахт дорам зи бустонҳо фироқ

Бе рахти олам наме байнами биё

Дар ду чашми мо туе ҳамчун чароғ

Боғу бустонами туе андари ҷаҳон

Бе ту ман баси фориғам аз боғу роғ

Дар баҳору гул куҷо созад мақом

Булбули шӯридаи донеи ғайри боғ

Беш азин сабрами зи ҷон мумкин набӯд

То ба кӣ бар дил наҳем аз ишқи доғ

Гул бирафт ва хорўр шуд бӯстон

Ҷои булбули байн ки чун бигирифт зоғ

Нағмаи дастон кунун халқи ҷаҳон

Боз нашносанд аз бонги калоғ