Бар лаб омад ҷони мо аз иштиёқ

Шуд чу сабрами талх аз ҳиҷрони мазоқ

Аз ду чашми пари ғамам хӯн ме чакад

Як замон аз шавқ ва як дам аз фироқ

Дар фироқ рӯй хубат эй санам

Бо ғамат ҷуфтаст дилу зи сабри тоқ

Хубрӯёнро вафои камтар буд

Бо вафо ҳасанаш набошад иттифоқ

Иттифоқӣ бояд андари дӯстӣ

То ба кӣ бошад миёни мо нифоқ

Гарчи ёрам фориғаст аз мухлисон

Мо ба рӯй дӯст дорем иштиёқ

Гар ту комами брнёрӣ дар ҷаҳон

Длброи ҳукмӣ буд молои итоқ