То кӣ кунам эй дӯст ба дарди ту таҳаммул

Дарёб диламро ва макун беш таъаллул

Раҳмӣ кун ва бар ҳоли ман хаста бибахшоӣ

То чанд кунӣ бар ман саргаштаи татовул

Чандам ба сари хори ҷафо дил бихарошӣ

эй гул чаҳ зиёни бошиддат аз суҳбати булбул

Чун гул ба чаманҳои ҷаҳон рӯй намояд

Булбули натавонад ки кашад бори таҳаммул

То кӣ накунӣ аз сари инсофу мурувват

Дар ҳоли ман бе каси бечораи таъаммул

Ёрб зи ҷафои фалаку ҷаври рақибон

Кардем ба даргоҳи ҷалоли ту таваккул

Зинҳори манол эй дили мискини зи ҷафояш

Ночор буд хори ҳронҷо ки буд гул

Охир назарӣ кун ба ман аз лутфи нигоро

То чанд намоеи зи ман хастаи тағофул

Дар хилвати чашмами снмои хайли хаёлат

Бинишаст ва кунад баҳри ҷамоли ту таҳаммул