Он мурғ ки буд зиракаши ном
Афтода ба ҳар ду пой дар дом
Дар банд бало фитод аз оғоз
То худ ба куҷо расад саранҷом
Оё ту куҷо ва мо кҷоӣим
Дардо ки ба ҳарза рафт айём
Тарсам ки зи ҷавр ту барояд
Ногоҳ ба шаҳри фитнаи ом
Хуррами дили онкӣ бо нигорӣ
Дар гӯша ӣ хилватӣ кашад ҷом
Рухсори ту зери зулфи мишкӣн
Сбҳист муқӣм бӯда ӣ шом
Сарпанҷа ӣ рӯзгори ғаддор
Шерони замонаро кунад ром
Чун коми дил аз ту барнаёмад
Сабр аз ту ҳаме кунам ба ноком
Навмед машав дило чаҳ доне
Бошад ки биёбӣ аз ҷаҳони ком