Хушо бодӣ ки аз кӯй ту бархест
Каз ӯ буии сари зулф ту пайдост
Саводи ранги рухсор ту оварад
зи рангу бӯи чаман дигар биёрост
Сеӣ сарви чаман аз пой бинишаст
Чу шамшоди қадаш бар пой бархест
Чу моҳи чордаҳ рӯй туро дид
зи рашк рӯй ту ҳар лаҳза май кост
Тараҳҳум нест қатъан дар дили ту
На дил бошад ту гӯйӣ санг хорост
Намонад дар чамани рангӣу бӯе
Биҷузи сарви сеӣ ков пой барҷост
Нигории чобук айёр дорам
На рӯйиши хуш ки хеш низ зебост
Гирифтори ғам рӯят ҷаҳонӣаст
На дар ишқат ба олам банда танҳост
Агар гӯям ки қадат сарв ҷонаст
Ба пешати рости гуфтанро ки ёрост