Ба чашму абрӯии шӯх эй длором
Ббрдӣ аз дилами якбораи ором
Ту таъми дарди ҳиҷр , он рӯзи доне
Ки нӯшии ҷуръае хуноб аз ин ҷом
Ба шасти зулфи ту побанд гашта
намедонам ки чун бошад саранҷом
Хабари дории нигоро каз ҳавоят
Марои шаҳбози дили афтода дар дом
Бигуфтам бо дили он оҳӯии ваҳшӣ
Нагашта дар ҷаҳон бо ҳечкас ром
Мпзи деги ҳавояшро ки доим
Нагардад пухта кин савдо буд хом
зи лаълаши коми дил мушкил биёбӣ
Чаро кон нозанин шухӣаст худком
Гар ореи раҳматӣ бар ҳоли зорам
Туро монад ба некӣ дар ҷаҳони ном