Солҳо то зи ғами ишқи рахт сӯхта ам
Дидаро ғайри рахт аз ду ҷаҳон дӯхта ам
Дарси меҳри ту зи ҷону дилам эй мояи рӯҳ
Пеши устоди ғами ишқ ту омӯхта ам
Бо ҳамаи сӯзи дилу оби ду чашм эй дида
Ғайри дарди ғами ҳиҷронат чаҳ андӯхта ам
Гар касе номи рухи хуби ту барадӣ ба забон
Ман зи шодӣ чу гул рӯй ту афрӯхта ам
Бо ҳамаи ғусса ки аз даст ту дорам дар ҷон
Ба ҷаҳони хоки кафи пой ту нафурӯхта ам
Ман чу гунҷишки заъифам ба ғами ишқи забун
Дар ҳавои рухи хуршеди ту пар сӯхта ам
То абади ишқи ту дар ҷон ҷаҳонам бошад
Ман ки аз рӯзи азали меҳр ту омӯхта ам