Чун сари зулфаши парешон дар ҷаҳон афтода ам
Бо ғамаши наздику давр аз хону мон афтода ам
Ҳамчуи сӯсани даҳ забонӣ мекунад бо ман нигор
Лоҷарам аз ишқ ӯ дар ҳар забон афтода ам
Аз висолаш бар карон медорадам лекини зи ғам
Дар миёни мавҷи баҳр бекарон афтода ам
Аз ғами ишқу ҷафои ҳиҷру андӯҳи фироқ
Оҷизу ошуфтаи ҳолу нотавон афтода ам
Аз вафоӣ ӯ умеди меҳрбонии доштам
Лекин аз ҷавру ҷафояш дар гумон афтода ам
Муддаӣ бар ман тараҳҳум кун ки ҷой раҳматаст
Зонкаҳи маҳрӯм аз висоли дӯстон афтода ам
эй сабо дар ҳасрати султони мҳрўён ба кӯй
Ман ба нокомии ҷудо аз дӯстон афтода ам
Бо висолат кӣ тавон умеди хилвати доштан
Ман ки аз хорӣ чу хоки остон афтода ам
Аз даҳони Юсуфам ҳосил нашуд комӣ чу гург
Лаб ба хӯни олӯдау холии даҳон афтода ам
Гавҳар ар дар хок бошад чун барорӣ гавҳараст
Ман ба умедии чунин дар хокдон афтода ам
Дар замони чашми масташи фитна дар олам фитод
Зон сабаби ман фитнаи охири замон афтода ам