эй хаёл рӯй ту дар дида ам

Ҳаст доими ҳамчуи нур дида ам

Бе рухи зебои ту дар моҳу хур

Ноксмгар ман дар афшон дида ам

Ишқ рӯй ту нигоро дар ҷаҳон

Аз дилу ҷону ҷаҳон бгзидаҳ ам

Дар сробстони фирдавси барин

Бе висоли ту кӣ оромидаҳ ам

Сарви болояти зи мо сар ме кашад

Ҳамчуи бед аз рашк ӯ ларзида ам

Гар гузар кард ӯ ба мо чун сарви ноз

Сад ҳазорон дардаш аз бар чида ам

Гар расад бар зулфи ту боди сабо

Ҳамчуи мор аз ғабни он печида ам

Бас ки кардӣ бар ман бе дили ҷафо

Аз вафои ту тамаъ бибрида ам

Солҳо то бо ғамати гирди ҷаҳон

Бесару сомон чунин гардӣда ам