Нигоро аз фироқати сахти зорам

Ба сахтии рӯзгорӣ май гузорам

На хур дорам на хоб аз ишқи рӯят

Чу зулфи ту парешони рӯзгорам

Чу абрӯии тавъами пайваста дар хам

Чу чашмони ту дар айни хуморам

зи хоки кӯии ҳиҷрони охир эй ҷон

Нишоне то ба кӣ дар дили ғуборам

Ба буии онкӣ бар ман раҳмати оре

Нишаста мунтазир бар раҳи гузорам

Накардӣ ҳеҷ раҳмат бар дили ман

Аз он бе раҳматии баси шармсорам

Ббрдии об рӯй ман ба якбор

Чаро кардӣ чу хоки роҳи хорам

Макун зин беш бар ман ҷавру хорӣ

Мабар якбораи ҷонои эътиборам

Миёни водии ҷони рамида

Биҷузи тухми ғами меҳрат чаҳ корам

Ҷаҳонро ихтиёрӣ нест ёро

Ба даст бод додам ихтиёрам