Сабо бигузар шабӣ дар кӯии ёрам
Паёми ман бабри сӯй нигорам
Бигӯ эй нури чашми ман шабу рӯз
Биҷузи ишқи рахт корӣ надорам
Фаромӯшам агарчӣ кардае лек
Мабод он дам ки бе ёдати гузорам
Ба ҷони ту ки бе дидори рӯят
Чу зулфи ту парешони рӯзгорам
Агарчӣ дар ғам ҳиҷрам бикуштӣ
Ба васли ту ҳануз умедворам
Вгрчаҳи душмани ҷонии валикин
Туро аз ҷону дили ман дӯстдорам
Ба дарди ҳиҷрат эй ҷону ҷавонӣ
Намонда сабру орому қарорам
Ту гуфтӣ дар чаҳ корӣ ? дар дилу ҷон
Биҷузи тухми ғами меҳрат чаҳ корам
Ба меҳри рӯят эй дилбар аз ин беш
Чунин саргаштау ҳайрони мадорам
Чу хок раҳ шудам хор аз ғами ту
Равои дории чунин бар раҳи гузорам
Гар оеи пешам эй дилбар набошад
Биҷузи ҷон бар каф аз баҳри нисорам
Ҷаҳонии ошиқ рӯят надонам
Ман бечораи борӣ дар шуморам