Лаби ташнаи лаъли тавъами обии магари арзам
Махмурам аз он лаъли шаробии магари арзам
Кардам зи ту эй дӯсти саволии зи сари аҷз
Андеша бифармоӣ ҷавобии магари арзам
Дар бодияи шавқи ту , эй каъбаи мақсӯд
Бо хоки баробар шудаи обии магари арзам
Охир чу табибами надиҳади шарбати васлӣ
Чун дард бигӯям ба ҷавобии магари арзам
Гар раҳм кунӣ бар ман афтода савобаст
Дарёб ба раҳмат ки савобии магари арзам
Дар хилватам аз рӯй карам гар бинавозӣ
Дар раҳгузар эй дӯсти итобии магари арзам
Бо ин ҳамаи гавҳар ки ман аз дида фишондам
Аз лаъли лабат дар хўшобии магари арзам
Бар риши ҷаҳон беш мефишон намаки ҷавр
Каз синаи маҷрӯҳи кабобии магари арзам