эй дилу дидаи дилу дидаи ман прхўнст
Сӯзиши ҷони ман аз шарҳ ва баён афзӯнаст
Чашми нам дидаам аз даври фалаки пурхӯн буд
Ин замон аз ғами ҳиҷрони ту чун Ҷайҳунаст
Дӯстонам ба тафаққуди ҳама дастон гӯйанд
К-эии ситамдидаи дарин воқеа ҳолат чунаст
Чаҳ бигӯям ки дарин воқеа бар ман чаҳ расед
Ҳарчӣ гӯям ҳама донед кзон афзӯнаст
Чун зи хори фалак сифла нанолам ба ситам
Ки гул рӯй ту дар хок лаҳад мадфӯнаст
Дар фироқи рухи хуби ту чунон ме гарем
Ки рухи ҷони ман аз хӯн ҷигар гулгунаст
Лайлии ҷони ман охир ба куҷо рафт бигӯ
Ки ҷаҳонии зи фироқи рух ӯ маҷнӯнаст
Умри ширин чу ба талхӣ ба сроид эй дил
Май каши ин дард ки бар ту на бало акнӯнаст
Аз ҷаҳони ғайр ҷафо нест насибам чаҳ кунам
Ки марои пушти дил аз ғуссаи зи ғам чун нўнст