Гули фурӯи рехту рух аз боғи ҷаҳон пинҳон кард
Булбули длшдаҳро хастаи дил ва нолон кард
Гул нахандид зи бустони умедам ба ситам
Хори ҳиҷрони ту эй ҷони асарам дар ҷон кард
Бахти баргашти зи ман то ту шудӣ аз бар ман
Рӯзи ҳиҷрони тавъам бесар ва бесомон кард
Рӯзи васл ту нашуд рӯзии ман зонкаҳи маро
Бахти ворунаи ҳўолт ба шаб ҳиҷрон кард
Баси аҷаби воқеае бад ки мислиро гӯйанд
Рухи хуршед ба гул кӣ битавон пинҳон кард
Зории ман ба фалак бар шуд лекин чаҳ кунам
Биҷуз аз сабру таҳаммул ту бигӯ чтўон кард
Дарди ҳиҷр ту чунонаст ки табибони ҷаҳон
Натавонанд яке дарди маро дармон кард
Дард бисёр кашидам зи фалак лек аҷаб
Он ҳамаи дарду бало бар дили ман осон кард
Тири ҳиҷрони азизон ба дилам буд басӣ
Лек пайкони фироқи ту асар дар ҷон кард