Ҷаҳони бушковат аз шодӣ чу гулбун

Ба истиқбол шуд ?бирту стргн

Салоҳи мӯии жулида ба сар дод

Пас онгаҳ тоҷро бар фарқ биниҳод

Либоси фақри беруни сохт аз тан

Бадал карданд кисвати рому лчмн

Ба шодӣ шуд бадали ғамҳои дерин

Ба шаҳри ойӣнаҳо бастанди ойин

Баҳор афкан расед аз роҳи бозор

Ҳамаи шаҳр аз баҳораши гашти гулзор

Иморатро баҳори нав дар омад

Ки сангу хиштро дебои баромад

Ба ҳар ойӣнаи акси рому сито

Намӯда ғайрати кохи Зулайхо

Зиёрати ки ради аввали модарон ро

Хами афканд аз адаби сарви равон ро

Чу модар рӯй он абр ҳаё дид

Садаф дар ятеми хешро дид

Мижа аз гиря шодӣ шудаш тар

Нисори нури дидаи сохт гавҳар

Ба сито низ шафқат кард бисёр

Кафши ҳам дар фишон шуд баҳри эсор

Брҳмн кард хуши соъати ҳамон рӯз

Ки хуш бошад ҷулуси роми фирӯз

зи модари хости рухсати пӯри дилкаш

Ки бртхт падар биншинадаш хуш

Ба сад хўшнўдиши модар ризо дод

Дуоу рухсат аз лаби тавъамони зод

Ба расми ҳиндӯон бар тахт бинишаст

Ба дасти адл , пой фитна бишикаст

Ба доду адли з инсон шуд ки бояд

Ба лутфу халқи сад чандон ки шояд

Раоёро чунон медошт хурсанд

Ки модар бар надорад нози фарзанд

Сипоҳиро бародар хонда ме хонд

Фузун аз баҳр ҳар кас лутф ме ронад

Чунон хуш дошт ҷон ҳар бародар

Ки сад бор аз падар шуд меҳрбон тар

Ба хуишон чун набошад лутф ӯ беш

Ки ҳар бегонаро пндоши тии хеш

Аз он бо ҳам яке шуд унсури чор

Ки ҷони адлро шуд ҷисм дар кор

Чу фориғ дил нишаст аз шуғли шоҳӣ

Мусаллами гашт бар ваии кҷклоҳӣ

Вазиронро супурдаи шуғл ҳар кор

Ба қасд дилбар омад масти дидор