Охири рои ман бар ибодат қарор гирифт , чаҳ машаққати тоъат дар ҷанби наҷоти охират вазнӣ наёрад , ва чун аз лаззоти дунё , бо чандон вихомати оқибат , ибром намебошад ва ҳар оинаи талхии андак ки ширинӣ бисёр самарат диҳад беҳтар ки ширинии андак ки аз ӯ талхӣ бисёр зояд , ва агар касеро гӯйанд ки сад сол дар азоби доими рӯзгор бояд гузошт чунонкии рӯзии даҳ бори аъзои туро аз ҳам ҷудо мекунанд ва ба қарори аслу таркиби маъҳуд боз меравад то наҷоти абади ёбӣ бояд ки он ранҷ ихтиёр кунад . Ва ин муддат ба умеди Наими боқӣ бар вай кам аз соъатӣ гузарад . Агар рӯзӣ чанд дар ранҷи ибодату банди шариъати сабр бояд кард оқил аз он чигуна абои намояд ва онро кори душвору хатари бузурги шимурд ?