Калила гуфт : эзади таъолии хайру хайрату салоҳу саломати бад-ӣни азимат , ҳарчанд ман мухолифи онам , мақрун гардонод .

Димна бирафт ва бар шер салом гуфт . Аз наздикон худ бипурсед ки « ин кист ? » ҷавоб доданд ки фалони писари фалон . Гуфт : ореи падарашро шинохтам . Пас ӯро бихонад ва гуфт : куҷо мебошӣ ? гуфт : бар даргоҳи малики муқӣм шудаам ва онро қиблаи ҳоҷату мақсади умеди сохта ва мунтазир мебошам ки корӣ уфтад ва ман онро ба ройу хирад кифоят кунам . Чаҳ бар даргоҳи мулӯки муҳимот ҳодис гардад ки ба зердастон дар кифояти он ҳоҷат бошад

Кандар ин малик чу товус ба кораст магас

Ва ҳеҷ хдмтгор агар чаҳ фурӯмоя бошад аз дафъи мзртӣу ҷири манфиатӣ холӣ намонад , ва он чӯби хушк ки ба роҳ аФнгндаҳанд охир ба кор ояд , хилолӣ кунанд то гӯш хоранд , ҳайвонӣ ки дарави нафъу зру азуи хайр ва шар бошад чигуна беинтифоъ шояд гузошт ? ки

Гар даста гул наёяд аз мо

Ҳам ҳизуми дегро бшоиим