Туро хабари зи дил беқарор бояд ва нест

Ғам ту ҳаст вале ғмгсор бояд ва нест

Асири гиря бе ихтиёри хештанам

Фиғон ки дар кафи ман ихтиёр бояд ва нест

Чу шоми ғами дилам андӯҳгин набояд ва ҳаст

Чу субҳдами нафасам беғубор бояд ва нест

Марои зи бодаи нӯшин наме кушояди дил

Ки май ба гармии оғӯши ёр бояд ва нест

Даруни оташ аз онам ки оташини гули ман

Маро чу пораи дил дар канор бояд ва нест

Ба срдмҳрии бод хазон набояд ва ҳаст

Ба файзи бахшеи абри баҳор бояд ва нест

Чигуна лофи муҳаббати занӣ ки аз ғами ишқ

Туро чу лолаи дилии доғдор бояд ва нест

Куҷо ба суҳбати покони рисӣ ки дидаи ту

Ба сони шабнами гули ашкбор бояд ва нест

Раҳе ба шоми ҷудоӣ чаҳ тоқтисти маро

Ки рӯзи васли диламро қарор бояд ва нест