Ҳарчанд ки дар кӯии ту мискин ва фақирем
Рухшанда ва бахшанда чу хуршед мунирем
Хорему трбноктар аз бод баҳорем
Хокему дили овезтар аз буи абирем
Аз наъраи мастонаи мо чарх пар овост
Ҷавшанда чу баҳрему хурӯшанда чу шерем
Аз соғари хунини шафақ бода нанӯшем
Вази суфраи рангини фалак луқма нагирем
Бар хотири мо гирд малолӣ нанишинад
Ойӣна субҳем ва ғуборӣ напазирем
Мо чашма нурем битобем ва бихандем
Мо зинда ишқем намурдаем ва намирем
Ҳам суҳбат мо бош ки чун ашки саҳаргоҳ
Равшандилу соҳиби асар ва пок замирем
Аз шавқи ту бетобтар аз боди сбоиим
Бе рӯй ту хомӯштар аз мурғ асирем
Он кист ки мадҳуши ғазалҳои раҳе нест ?
Ҷузи ҳосиди мискин ки бар ӯ хурда нагирем