Чу не ба синаи хурӯшади дилӣ ки ман дорам

Ба нолаи гарм буд маҳфилӣ ки ман дорам

Биёу ашки маро чора кун ки ҳамчуи ҳубоб

Ба рӯй об буд манзилӣ ки ман дорам

Дили ман аз нигаҳи гарм ӯ нпрҳизд

зи барқ сар накушуд ҳосилӣ ки ман дорам

Ба хӯн нишастаам аз ҷони сетонеи дили хеш

Даруни сина буд қотилӣ ки ман дорам

зи шарм ишқ хамӯшам куҷост гиряи шавқ ?

Ки бо ту шарҳ диҳад мушкилӣ ки ман дорам

Раҳе чу шамъи фурӯзони гарми бсўзоннд

Забон шиква надорад дилӣ ки ман дорам