На дили мафтӯни дилбандӣ на ҷони мадҳуши дилхоҳӣ

На бар мижгони ман ашкӣ на бар лабҳои ман оҳӣ

На ҷон бенасибамро паёмӣ аз длоромӣ

На шом бефурӯғамро нишоне аз саҳаргоҳӣ

Наёбади маҳфилами гармӣ на аз шамъӣ на аз ҷамъӣ

Надорад хотирами улфат на бо Меҳрӣ на бо моҳӣ

Ба дидор аҷал бошад агар шодӣ кунам рӯзӣ

Ба бахт вожгӯн бошад агар хандон шавам гоҳе

Кӣми ман ? орзӯ гум кардае танҳоу саргардон

На оромӣ на умедӣ на ҳамдардӣ на ҳамроҳӣ

Гуҳии афтону хезон чун ғуборӣ дар биёбоне

Гуҳии хомӯшу ҳайрон чун нигоҳӣ бар назаргоҳӣ

Раҳе то чанд сӯзам дар дили шабҳо чу кавкаб ҳо

Ба иқболи шарари нозам ки дорад умри кӯтоҳӣ