На ба шохи гул на бар сарви чаман печида ам

Шохаи токам ба гирди хештан печида ам

Гарчи хомӯшам вале оҳам ба гардун ме равад

Дӯди шамъ куштаам дар анҷуман печида ам

Май даҳуми мастӣ ба дилҳо гарчи мастурами зи чашм

Буии оғӯши баҳорам дар чаман печида ам

Ҷои дил дар синаи сад пора дорам оташӣ

Шуъларо чун гули даруни перҳан печида ам

Нозуки андомӣ буд имшаб дар оғӯшами раҳе

Ҳамчуи нилӯфар ба шохи Настаран печида ам