Лолаи доғдидаҳро монам

Кишти офати расидаро монам

Дасти тақдир аз ту даврам кард

Гул аз шохи чидаро монам

Натавон бар гирифтанам аз хок

Ашк аз рухи чакидаро монам

Пеши хўбонм эътиборӣ нест

Ҷинс арзон харидаро монам

Барқи офат дар интизор ман аст

Сабзаи нави дамидаро монам

Ту ғизоли рамидаро Монӣ

Ман камони хамидаро монам

Ба ман афтодагӣ сафо бахшед

Соя орамидаро монам

Дар ниҳодам сёҳкорӣ нест

Партави афшони сипедаро монам

Гуфтамаш эй парӣ киро Монӣ ?

Гуфт : бахти рамидаро монам

Дилам аз доғ ӯ гудохт раҳе

Лолаи доғдидаҳро монам