Мурғи хунини таронаро монам

Сайд беобу донаро монам

Оташинам валек бе асарам

Нолаи ошиқонаро монам

На саранҷомӣ ва на оромӣ

Мурғ беошиёнаро монам

Ҳадафи тир фитнаам ҳамаи умр

Пой бар ҷои нишонаро монам

Бо касам дар замона улфат нест

Ки на аҳли замонаро монам

Хоксории баланд қадарам кард

Хоки он остонаро монам

Бигузарам зини кабӯди хаймаи раҳе

Тири оҳи шабонаро монам