Мо нақди офият ба меноб дода ем

Хору хаси вуҷӯд ба сайлоб дода ем

Рухсори ёри гӯнаи оташ аз он гирифт

Кин лоларо зи хӯни ҷигар об дода ем

Он шуълаем каз нафаси гарми синаи сӯз

Гармӣ ба офтоби ҷаҳон тоб дода ем

Дар ҷустуҷӯии аҳли дилии умри мо гузашт

Ҷон дар ҳавоӣ гавҳар ноёб дода ем

Комӣ набардаем аз он сими тани раҳе

Аз даври бӯса бар рух маҳтоб дода ем