Он ки сўдоздаҳи чашм ту бӯдааст манам
Вон ки аз ҳар мижаи сад чашма гушӯдааст манам
Он зи раҳи мондаи саргашта киносозӣ бахт
Раҳ ба сарманзили васлаш нанамудааст манам
Он ки пеши лаби ширини ту эй чашмаи нӯш
Офарин гуфтау дашном шунӯдааст манам
Он ки хоби хушам аз дида рабӯдааст туе
Вон ки як бӯса аз он лаб нарабӯдааст манам
эй ки аз чашми раҳе пой кашидӣ чун ашк
Он ки чун оҳ ба дунбол ту бӯдааст манам