Оби бақои куҷоу лаби нӯш ӯ куҷо ?

Оташи куҷоу гармии оғӯш ӯ куҷо ?

Симину тобнок буд рӯй ма вале

Симинаи маи куҷоу биногваш ӯ куҷо ?

Дорад лабӣ ки мастӣ ҷовид ме диҳад

Миноӣ май куҷоу лаби нӯш ӯ куҷо ?

Хуфтам ба ёди ёр дар оғӯши гул вале

Оғӯши гули куҷо ва бару дӯш ӯ куҷо ?

Бе сӯзи ишқи сози сухан чун кунад раҳе ?

Бонги тараби куҷои лаби хомӯш ӯ куҷо ?