То қиёмат медиҳад гармӣ ба дунёи оташам

Офтоби равшанам нисбат макун бо оташам

Шуълаи хезад аз дили баҳри хурушони ҷои мавҷ

Гар бигирад як нафас дар ҳафт дарёи оташам

Чист олами оташӣ бо обу хоки омехта

Ман на аз хокам на аз обам ки танҳо оташам

Шамъи ларзони вуҷӯдамро шабӣ ором нест

Рӯзҳо афсурдаам чун обу шабҳо оташам

Ашки ҷони сӯзами асарҳо чун шарар бошад маро

Қатраи обам ба чашми халқ аммо оташам

Дар раг ва дар решаи ман ин ҳамаи гармӣ з чист ?

Шӯри ишқам ё шароб куҳнаам ё оташам ?

Аз ҳарими хоҷа Широз меоем раҳе

Пой то сармастӣу шӯрами саропои оташам