Рафтему пой бар сар дунё гузоштем

Кори ҷаҳон ба аҳли ҷаҳони вогзоштим

Чун оҳӯии рамидаи зи ваҳшати сарои шаҳр

Рафтему сар ба доман саҳро гузоштем

Моро ба офтоби фалаки ҳам ниёз нест

Ин шӯхи дидаро ба масеҳо гузоштем

Болои ҳафт парда нилӣаст ҷои мо

По чун ҳубоб бар сар дарё гузоштем

Моро басаст ҷилваи гуҳи шоҳидони қудс

Дунё барои мардум дунё гузоштем

Кӯтоҳ шуд зи домани мо дасти ҳодисот

То дасти худ ба гардан мино гузоштем

Шоҳид ки саркашӣ накунад дил фиреб нест

Фаҳми сухан ба мардум доно гузоштем

Дар ҷустуҷӯии ёри дили озор кас набӯд

Ин расми тозаро ба ҷаҳон мо гузоштем

Эмин з душманем ки бо душманем дӯст

Бунёни зиндагӣ ба мудоро гузоштем

Сад ғунчаи дил аз нафаси мо шукуфта шуд

Ҳарҷо ки чун насими саҳар по гузоштем

Мо шиква аз кашокаш даврон наме кунем

Мавҷему кори хеш ба дарё гузоштем

Аз мо ба рӯзгори ҳадиси вафо бас аст

Нагузоштемгар асарӣ ё гузоштем

Будем шамъи маҳфили равшандилони раҳе

Рафтему доғи хеш ба дил ҳо гузоштем