Назд яздон чу буд мавлоно

Аз ҳамаи хостар ба сидқу сафо

Гашти розӣ ки рӯй бинмоед

Хос бо ӯ бар он ниФзоид

Тамаъи андари кас дигар накунад

Меҳри боқии зи дил бурун фиканд

Ғайр ӯро наҷуед андари даҳр

Гарчи бошад Фариду зубдаи аср

Нашавад кас бидон атои махсӯс

ӯ буд бо чунон лақои махсӯс

Баъди баси интизор рӯйиш дид

Гашти сарҳо бар ӯ чу рӯзи падед

Дид онро ки ҳеҷ натавон дид

Ҳам шунид ончии каси з кас нишнид

Чун кашид аз ниёзи буии варо

Беҳиҷобӣ бидид рӯй варо

Шуд бар ӯ ошиқ ва бирафт аз даст

Гашти пешаши яке баландӣу паст

Даъваташ кард сӯии хонаи хеш

Гуфт бишинав шҳо аз ин дарвеш

Хонаам гарчи нест лоиқи ту

Лек ҳастам ба сидқи ошиқи ту

Бандаро ҳар чаҳ ҳаст ва ҳар чаҳ шавад

Бе гумони ҷумлаи он хоҷа буд

Пас аз ин рӯй хонаи хонаи тест

Ба всоқти ҳаме рӯй ту дуруст

Баъд аз он ҳар ду хуш равона шуданд

Шоду хандон ба сӯй хона шуданд

Як замонӣ ба ҳам ҳаме буданд

Муддати як ду сол осуданд

Ғайрати ҳақ дар омад ва ногоҳ

ФҷФҷ ( фачи фач ) афтод дар ҳамаи афвоҳ