Ҳамчуи куффор дар замони расӯл
Қасд карда варо з кеду фузул
Гашта пинҳони зи фикрашон дар ғор
Бо Абубакри Аҳмади мухтор
Ҳам Масеҳ аз ғами гуруҳи ҷуҳуд
Рафтаи пинҳон ба сӯии чархи кабӯд
Қасди Мӯсо чу кард ҳам фиръавн
Ғарқа шуд чун набӯдаш аз ҳақи Авн
Ҳамчунин бо халили он намруд
Ки фикандаш миёни оташу дӯд
Гашти оташ бар ӯ гулу насрин
Кушта шуд худ зи пашшаи он бе дайн
Ҳамчунин қавми ҳуду Нӯҳи ҷавод
Чун расед аз худоишони меод
Ҳама аз бод ва об нест шуданд
Зонка лоиқаи бмсх ва хсФ баданд
Нияти бад ки буд эшон ро
Он гуруҳи кажи парешон ро
Он балои бозгашт бар сарашон
Зонка он қаҳр буд дар хурашон
Теғро мезаданд бар худ аз он
Хӯнҳоашон чу сайли гашти равон
Гарна бар худ ҳаме заданд ба қаҳр
Хӯнашон аз чаҳ шуд равона чу наҳр
Аблаҳӣ дид кас ки хеш кашад
Теғ бар ҳалқи худ бахшам кашад !
Дар гумонаш ки захм бар дигар аст
Оқибат дид захм бар ҷигар аст