Ваон ҷамоат ки мункирон буданд
Мункири қутб осмон буданд
Ҷумлаи шан ҷон фишон ба истиғфор
Сар ниҳоданд к-эии хдиўи кбор
Тавба корем аз ончӣ мо кардем
Аз сари сидқ рӯй оварадем
Ҳар яке бар дараш шудаи соҷд
Ашки резони зи ишқ ӯ воҷид
Кардашон шаҳи қабул чун дид ин
Додашон аз навозиш ӯ тамкин
Баъд аз он ҷумла аз вазеъу шариф
Ҳалқа шастанд гирди шоҳи латиф
Паҳлавӣ шаҳ нишаста мавлоно
Чун ду хур ки зананд сари зи само
Шамси табриз дар сухан омад
Зинда шуд онкӣ фаҳм кун омад
Ҳар яке зон сухан ба ишқ парид
Ҳар яке аз худӣ тамом бурид
Баъд аз он ҳар яке самоъӣ дод
Ҳар яке хон муътабар биниҳод
Ҳар яке қадари вусъу тоқати хеш
Аз амиру тавонгару дарвеш
Бахшиш оварад ва миҳмонӣ кард
То шавад ёр меҳрбонӣ кард
Муддатӣ инчунин гузашти замон
Дар ҳузури шаҳон ҳар ду ҷаҳон
Ҳама чун ҷом ва он ду шаҳ чун роҳ
Ҳама чун лайл ва он ду шаҳ чу сабоҳ
Он ду шаҳ чун баҳор ва эшон дашт
Ҳамаро тоза гашта зи эшон кишт
Шоху барги дарунашони пари бор
Руста бехор ҳар тарафи гулзор
Дида бепардае ҳамаи дидор
Ҳама гашта дар он ҷаҳони бркор
Дар чунин айш ва дар чунин васлат
Ҳамаи пари нуру ғарқ дар раҳмат