Гар кунам бози ман сари ибнон ( ? ӣнон )

Вазъҳои ҷаҳон шавад вайрон

Ҳарчӣ гуфтанд раҳравони қадим

зи ғаму шодӣу зи амну зи бим

Ҳама гирданд нест ҳамчун барф

Зонка шарҳ манаст меҳри шигарф

Гар кунам фош ончӣ ме донам

Вар кунад ҷилваи сари пинҳонам

Не милал монад ва на мазҳаби кеш

Бар ту яксон шаванд марҳаму риш

Заҳру пои заҳр як шавад бар ту

Қаҳр гардад чу лутф дар хури ту

Накунӣ фарқи обро аз хок

Пеши ту чаҳ замин ва чаҳ афлок

Не замин мешавад ба саъии фалак

намешавад деви ҳам ба ҷаҳди малик

Пас ту аз хештан мабар умед

Бар диҳии охир ар кунунии бед

Нони мурда ки ҷомидаст ва хамӯш

Неи тану ҷон аз ӯ буд дар ҷӯш ?

Гарчи худ мурда ва ҷамодаст он

Неи дилу рӯҳро имодаст он ?

Чун ки шуд ҳазм дар тани зинда

Аз сукӯн расту гашти ҷанбнда

Серума чун дар ду дида нест шавад

Ном ҳо хонд ва ба роҳ равад

Пас чу дар нестӣ буд ҳастӣ

Чаҳ дар ҳаст хешро бастӣ ?

Ар чаҳ гӯям манам чунон ва чунин

Нест шӯ то шӯй тамом гузин

Нестӣ чун урӯҷ сӯй самост

Ҳарки дар ҳаст монад худро кост

Ҳарки кам гашт аз ҳама беш аст

Кам зании ихтиёр дарвеш аст

Ҳар ки камро гузид афзӯн шуд

Ҳарки бешӣ гузид мағбун шуд

Ҳар ки куллӣ нагашт аз худ ло

Кӣ кунад фаҳми маънии ало

Нестӣ бошад асл ҳар ҳастӣ

Май ҷони нӯш то расад мастӣ

Ҳастӣ мо з нестӣ аст бидон

Ҳаст мо нест ҳамчу ҳаст касон

Гар ба сӯрат ба дигарон монем

Дигарон нақши маҳз ва мо ҷонем

Сими шанро мҷу ки башмурда аст

Софашон назд аҳли дил дард аст

Ҷони зи мо ҷӯ чу ёри ҷононим

Зари зи мо бар ки асл ҳар конем

Рӯҳи мо бе чигуна ва чун аст

Не дарунаст он на берун аст

Бенишонем ва ҳар нишон аз мост

Дам ба дами сад равони равон аз мост

Мо чу баҳрему олам аз мо каф

Аз азал доштем ъзу шараф

Ин ҷаҳон чун кафасту ҷони дарё

Ҳар ки кафро гузид монад аъамӣ

Каф буд дарду дард дард хӯрд

Рахтро соф беш софи барад

Бигузар аз мавъиза бигӯ он сар

Бар ҷонро физой аз раҳ бар

Бар ҷаҳонҳо сети зикри он қисса

Хунаки онро ки барад аз ин ҳисса

Пандро нест мбдоءу мақта

Кард бояд руҷӯъ бо марҷаъ